Дар вилояти Суғд Фестивал-намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ баргузор мегардад
Бо мақсади рушди соҳаи чорводорӣ ва афзун намудани саршумори чорвои зотӣ 11 ноябр дар вилояти Суғд ва 18 ноябр дар шаҳри Ваҳдат Фестивал-намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ баргузор мегардад.
Тавре қаблан хабар додем, дирӯз, 4 ноябр дар вилояти Хатлон Фестивал-намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ доир гардид.
Тибқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати 1 октябри имсол дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 2 миллиону 626 ҳазору 973 ҳазор сар чорвои калон, аз ҷумла 1 миллиону 355 ҳазору 734 модагов, 6 миллиону 622 ҳазору 422 сар гӯсфанду буз ва 87 ҳазор сар асп мавҷуд аст.
Дар ин давра 202187,8 тонна гӯшт ва 688925,0 тонна шир истеҳсол шудааст.