Маротибаи аввал байни хонандагони Тоҷикистон озмоиши маҳаллии Таҳқиқоти байналмилалии пешрафти саводи хондан – PIRLS 2026 гузаронида мешавад
Аз 14 апрел то 1 май маротибаи аввал байни хонандагони синфи 4-уми муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои мамлакат озмоиши маҳаллии Таҳқиқоти байналмилалии пешрафти саводи хондан – PIRLS 2026 (Progress in International Reading Literacy Study) гузаронида мешавад. Дар ин хусус аз Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Арзёбии байналмилалии PIRLS яке аз муҳимтарин таҳқиқоти ҷаҳонӣ оид ба сатҳи хониши хонандагони синфи 4 аст, ки дар он на танҳо малакаи хондан, балки қобилияти фаҳмидану дарки матн низ санҷида мешавад.
Озмоиш дар байни 42 муассисаи таълимии 25 шаҳру ноҳияи интихобшуда бо иштироки 1181 хонандаи синфи 4-ум баргузор мегардад.
Ин озмоиш аз ду қисм иборат буда, дар он матнҳо, аз ҷумла ҳикоя, қисса, афсона ва матнҳои иттилоотию маърифатӣ истифода бурда мешаванд. Хонандагонро зарур аст, ки аз рӯйи матнҳои пешниҳодшуда қобилияташонро дар фаҳмидану дарки матн нишон диҳанд.
Бо мақсади дар сатҳи хуб баргузор намудани озмоиш аз ҳисоби кормандони соҳаи маориф баъд аз иштирок дар семинарҳои омӯзишӣ 158 нафар масъул таъйин гардидааст.
Ин таҳқиқот дар байни хонандагони синфи 4-уми зиёда аз 60 давлати дунё бо истифода аз таҷҳизоти компютерӣ ба таври онлайн ё офлайн баргузор мегардад. Ин таҳқиқот, ки бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад, ба таври офлайн ба нақша гирифта шудааст.
Дар баробари баргузории озмоиши маҳаллии PIRLS дар байни маъмурияти муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон, хонандагон ва падару модарон бо мақсади муайян кардани омилҳои ба раванди таълиму тарбияи хонандагон таъсиррасон пурсиш низ доир карда мешавад.
АКС: Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон