Хоруғ: Таътили беш аз 200 нафар хонанда дар лагерҳои академӣ
Литсеи Оғохони шаҳри Хоруғ барои 80 нафар хонандагон, ки ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ шавқу ҳаваси бештар доранд, лагери академӣ боз намуд. Дар ин лагер бо истифода аз технологияи муосири коммуникатсионӣ ва бозиҳои гуногуни зеҳнию маърифатӣ ба кӯдакону наврасон фанҳои риёзӣ, физика, география ва математикаи зеҳнӣ меомӯзанд.
Ба гуфтаи роҳбари лагери академӣ Ислом Душанбиев, “барои он ки фанҳои дақиқро дурусту комил аз худ кунӣ, омӯзиши ин фанҳоро набояд мавқуф гузорӣ. Бахусус дар овонию кӯдакию наврасӣ, ки ҳанӯз зеҳну ҳофиза қавӣ ва вақту шароит мусоид аст, бештар ба омӯзиши ин гуна фанҳо шуғл варзидан зарур аст. Дар давраи таътили тобистона, ки бештар аз ду моҳ давом мекунад, хонандагон дар баробари истироҳат ду ё се соати вақти худро ҳатман бояд барои мутолиаи китоб ва ё ҳалли масъалаву муодилаҳои математикӣ ҷудо кунанд. Бартарии чунин лагерҳо дар он аст, ки шогирдонашон аз аввали рӯзҳои соли нави таҳсил зуд вориди мавзӯъ ва мундариҷаи фанҳои дарсӣ гардида, нисбат ба дигар ҳамсолони худ на танҳо дар дарсҳо, балки дар озмуну олимпиадаҳои фаннӣ низ пешсаф хоҳанд шуд”.
Мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ Атобек Шукурбеков гуфт, ки “зиёда аз 100 хонандаи муассисаҳои таълимии шаҳр низ ба лагерҳои академии ноҳияҳои Рӯшону Шуғнон фиристонида шуданд. Ба фарқ аз лагери академии назди литсеи Оғохон ин лагерҳо шабонарӯзӣ фаъолият мекунанд ва дар лаҳзаҳои фориғ аз бозиҳои зеҳнию варзишӣ ба омӯзиши фанҳои табиатшиносию дақиқ машғул мешаванд. Ба илмҳои дақиқ ҷалб намудани таваҷҷуҳи хонандагон аз муассисаҳои таҳсилоти умумӣ оғоз мегардад, ба шарте, ки дар он муассиса омӯзгори баландихтисос ва соҳибтаҷриба фаъолият намояд. Танҳо омӯзгори боистеъдод метавонад завқи хонандагонро ба фанҳои дақиқ бедор созад ва онҳоро бовар кунонад, ки илмҳои дақиқ то кадом андоза барои ояндаашон ва ҳам рушди босуботи кишвар чӣ қадар муҳим мебошанд”.
Ин аст, ки Пешвои миллат дар мулоқоту суҳбатҳояшон бо кормандони соҳаи маориф пайваста таъкид мекунанд, ки «имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад».
Кормандони соҳаи маорифи шаҳри Хоруғ низ бо истифода аз имконоту захираҳои мавҷуда саъю талош доранд, ки дар амалисозии барномаи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» нақши арзанда гузоранд.