Дар Боку омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баррасӣ гардид

17 апрел вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон бо намояндаи Президенти Озарбойҷон оид ба иқлим, президенти COP29 Мухтар Бабаев доир гардид.

 Тавре аз Сафорати Тоҷикистон дар Боку хабар доданд, зимни вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкорӣ дар самти ҳифзи муҳити зист муҳокима гардид.

Ҳамчунин Сафири Тоҷикистон доир ба ҷараёни омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки  29-31 майи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, маълумот дод.

АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Боку

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE