ТӮҲФАИ НАВБАТИИ СОҲИБКОРИ ШИНОХТА МАҲМУДҶОН МУРОДОВ БА ЯК ОИЛАИ НИЁЗМАНД

Имрӯз аз ҷониби соҳибкор, Роҳбари ҶДММ «Сарманзил», узви ҲХДТ ва вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмудҷон Муродов як модари тоҷик Ситора Сафарова, ки соҳиби панҷ фарзанд мебошад, дар шаҳри Душанбе соҳиби манзили истиқоматӣ гардид.

Манзили истиқоматии Ситора Сафарова дар маркази шаҳри Душанбе (кӯчаи Ҳусейнзода 10/1, хона навбунёди замонавӣ) ҷойгир буда, аз се ҳуҷра (130  метри мураббаъ) иборат аст, аз ҷониби соҳибкор бо тамоми шароити замонавӣ, аз ашёи рӯзгор,  хониш, таҷҳизот ва маводи мавриди ниёзи аввал таъмин  карда шудааст.

Дар ҷараёни тақдими хона соҳибкор Маҳмудҷон Муродов зикр намуд, ки «ҳамаи иқдомҳое, ки аз ҷониби шахсони саховатпеша гирифта мешаванд,  дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва ибтикороти  Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сурат мегиранд. Имрӯз нафарони камбизоат танҳо нестанд ва онҳо зери  ғамхории доимии  Сарвари давлат қарор доранд».

Зимни шиносоӣ бо шароити манзил Маҳмудҷон Муродов ба фарзандони ин хонавода иброз намуда, гуфт, ки «Сарвари давлат дар Паёми навбатиашон бештар наврасону ҷавононро ба ватандӯстиву меҳанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ роҳнамоӣ намуданд. Пас, шумо низ ҳидоятҳои Сарвари мамлакатро дар амал тадбиқ намуда, дар оянда барои Ватан-модари хеш хизмат намоед».

Мавриди зикр аст, ки имрӯзҳо бо ҳидоятҳои Сарвари давлат  соҳибкорони муваффақи пойтахт саҳми муносиби худро дар ободонию созандагӣ, кумак намудан ба ятимону барҷомондагон ва шахсони  имконияташон маҳдуд мегузоранд.

Иқдоми навбатӣ аз ҷониби Маҳмудҷон Муродов  баъди ироаи Паёми имсолаи Сарвари давлат амалӣ гардид. Тавре қаблан хабар додем,   Пешвои миллат 26 январи соли  равон зимни Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат аз саҳми ватандӯстонаи соҳибкорон ҷиҳати ободу зебо намудани кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, чунин  зикр намуданд: “Ман ба нерӯи созандаи тамоми мардуми шарифи мамлакат, аз ҷумла ҷавонони боғайрат ва занону бонувони ватандӯсту соҳибмаърифат эътимоди комил дорам ва дилпурона изҳор менамоям, ки мо ҳама якҷо бо заҳмати содиқонаву аҳлонаи худ то ҷашни мубораку муқаддаси сисолагии истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон симои Ватани азизамонро то дурдасттарин гӯшаву канори он боз ҳам ободу зебо мегардонем”.

Ёдовар мешавем, ки Маҳмудҷон Муродов қаблан ба ду оилаи дорои имконияти маҳдуд дар кӯчаи Ҳусейнзода, № 10,  3 нафар оилаҳои ятим ва дорои шахсони  имконияташон маҳдуд- Раъно Раҳимова,  Фотима Убайдова ва Зебуниссо Акрам, оилаҳои камбизоат дар кӯчаи Айнии шаҳри Душанбе хона дода буд. Ӯ Хонаи кӯдакони  пойтахтро бо харҷи қариб 7 миллион сомонӣ таъмир намуда, инчунин таъмири биноҳои як кӯчаро ба уҳда гирифт. Ҳамчунин  ба 150 нафар ниёзмандон, маъюбон, беморон ва оилаҳои камбизоати маҳаллаи Камоли Хуҷандӣ ва Шоҳмансур-1-и пойтахт маводи мавриди ниёзи аввал, аз қабили орд, равған, шакар,  биринҷ, макарон ва ғайра кумак расонид.

Мавриди зикр аст, ки дар арафаи иду ҷашнҳо расонидани кумакҳои моддӣ ба табақаҳои ниёзманди ҷомеа ба ҳукми анъана даромадааст. Соҳибкорони тоҷик ҳамеша аз сиёсати созандаи  иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва Пешвои муаззами миллат пуштибонӣ карда, барои пешрафту ободонии мамлакат ва дастгирии табақаҳои ниёзманди ҷомеа иқдом менамоянд.

Манбаъ: “АМИТ ХОВАР”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE