КҲФ: Боз як заминларза дар Рашт ва Тоҷикобод
24 апрели соли 2025 соати 02:40 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар медиҳад.
Бино ба маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 24 апрели соли 2025 соати 02:40 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шудааст.
Маркази заминларза дар 176-километрии шимолу шарқи шаҳри Душанбе, 38-километрии шарқи минтақаи Рашт, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ будааст.
Қувваи заминларза дар маркази заминларза 4 балл, дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод 2-3 баллро ташкил додааст.
Бар асари заминларза талафот ва хисорот ба қайд гирифта нашудааст.
Манбаъ: Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон