Дар Душанбе масъалаи барӯйхатгирии соҳаи кишоварзӣ баррасӣ гардид
Масъалаи барӯйхатгири соҳаи кишоварзӣ 22 апрел зимни вохӯрии директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо роҳбари Бонки Осиёии рушд дар Тоҷикистон Ко Сакамото мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тавре аз Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вохӯрӣ ба тариқи маҷозӣ дигар коршиносони Бонки Осиёии рушд низ иштирок намуданд.
Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки нишондиҳандаҳои кишоварзӣ ва саҳми ин соҳа дар Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ хеле муҳим мебошад. Гузаронидани барӯйхатгирии кишоварзӣ қисми муҳими ин соҳа мебошад. Зеро ҳадафи асосии гузаронидани ин чорабинии муҳим, пеш аз ҳама, ҷамъ овардани маълумоти дақиқ оид ба соҳаи кишоварзӣ мебошад. Иттилооти ҷамъоваришуда дар пешбурди сиёсати макроиқтисодӣ истифода мешавад.
Роҳбари Бонки Осиёии рушд дар Тоҷикистон масъалаи гузаронидани барӯйхатгирии кишоварзиро муҳим арзёбӣ намуд.
АКС: Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон