Тоҷикистон ва Қирғизистон рушди мунтазами муносибатҳои дуҷонибаро таъкид карданд
30 июн Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд.
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар мулоқот маҷмуи васеи масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ гардид
Таъкид шуд, ки бо шарофати иродаи сиёсии роҳбарони ҳарду давлат муносибатҳои дуҷониба мунтазам рушд карда, тамоюли расидан ба сатҳу сифати нави ҳамкорӣ дорад.
Роҳбари ниҳоди сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҷиҳати тавсеа ва таҳкими ҳамкории бисёрҷанба бо Қирғизистон омодагии ҷониби Тоҷикистонро таъкид намуд.
Инчунин мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Жээнбек Кулубаев доир шуд.
Роҳбарони ниҳодҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон зимни музокирот дар фазои дӯстӣ ва созандагӣ вазъ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитариро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Вазирон бо қаноатмандӣ аз афзоиши гардиши савдои мутақобила, азми тарафайнро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ изҳор доштанд.
Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо доир ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ ва ҳамкории ду давлат дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор намдунад.
Ҷонибҳо наздикии мавқеи ду мамлакатро оид ба масъалаҳои байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла дар муқовимат бо таҳдидҳои муосир бо таъкид карданд.
Эҳтимоми ҳарду ҷониб ҷиҳати рушди минбаъдаи муколамаи созанда дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ СААД ва дигар ниҳодҳои байналмилалию минтақавӣ тасдиқ гардид.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон