КҲФ: Ҷаласаи ҳайати мушовара
Ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар нимсолаи якуми соли 2025 ва вазифагузорӣ барои нимсолаи дуюми соли 2025 дар толори асосии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оғоз намуда, вобаста ба самтҳои фаъолият ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.
Ҳамзамон, дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумита, генерал-майор Латифзода Ҳотамшо Латиф-муовини якуми раиси Кумита вобаста ба ҳолатҳои фавқулодда, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2025 ба қайд гирифта шудаанд, баромад намуда, корҳои кӯмакрасонӣ, барқарорсозии хонаҳои истиқоматӣ, дигар бинову иншоотҳои ёрирасон ва умуман корҳои баанҷомдодашудаи ин самтро бисёр назаррас арзёбӣ намуданд.
Инчунин, муовинони раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Исозода Сулаймон Умар ва генерал-майор Иброҳимзода Имомалӣ Набибулло дар самтҳои чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ ва дар мавриди вазъи интизоми ҳарбӣ ва таъминоти ақибгоҳӣ баромад намуданд.
Дар ин интиҳо раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ вобаста ба омодагиҳо ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026, баланд бардоштани интизоми ҳарбӣ, бозҳам ҷоннок намудани чораҳои пешгирӣ аз ҳодисаҳои ғарқшавӣ ва умуман оид ба бозҳам хубтару беҳтар намудани кор дар самтҳои гуногун ба масъулин супоришҳои иловагӣ дод.
полковник Ориф НОЗИМИЁН
Шуъбаи кор бо ҷомеаи Кумита