Дар Хатлон нақшаи даъват ба хизмати Ватан бори аввал пеш аз муҳлат пурра иҷро гардид
Ба ҳолати 14 май нақшаи даъвати навбатии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар вилояти Хатлон пеш аз муҳлат иҷро шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон.
Дар рӯзи аввали оғози даъвати баҳорӣ масъулини ноҳияҳои Вахш, Фархор, Муъминобод ва Хуросон аз ҷамъбасти он гузориш доданд.
Давоми моҳи апрел то имрӯз даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 21 шаҳру навоҳии дигар низ пурра ҷамъбаст карда шуд.
Дар 10 соли охир бори аввал аст, ки иҷрои даъвати ҳарбӣ дар қаламрави вилояти Хатлон пеш аз муҳлат ба анҷом мерасад.
Ёдовар мешавем, ки 5 марти соли 2024 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати хизматро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ба имзо расид.
Тибқи ин фармон, хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои апрел-майи соли 2024 аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Гвардияи миллӣ, Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ, Қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия, баталйони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсус ба эҳтиёт рухсат дода мешаванд.
Моҳҳои апрел-майи соли 2024 шаҳрвандони ҷинси марди соли таваллудашон 1997-2007-и то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтар, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба ин сохтору воҳидҳо даъват карда мешаванд.