Гармои шадид, селҳои эҳтимолӣ, болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳо

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан дар маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар ба диққати сокинон ва меҳмонони мамлакат мерасонад, ки рӯзҳои 16-20 июни соли бар асари болоравии дамои ҳаво об шудани барфу пиряхҳо дар назар аст. Ин ҳолат метавонад сабабгори омадани селҳо дар минтақаҳои гуногун ва боло рафтани сатҳи об дар рӯдхонаҳо шавад.

Дар ҳамин иртибот КҲФ барои сокинон чанд тавсия медиҳад, ки риояи онҳо ба нафъи саломатии шаҳрвандон аст:

1. Бе зарурат дар чунин рӯзҳои гарм берун наравед ва дар хона бимонед, бахусус дар соатҳое, ки нурҳои офтоб хеле фаъоланд, берун нарафтан ба манфиат аст. Мутахассисон аз соати 11 то 17-ро, ки айёми шиддати гармост, барои инсонҳо зараровар медонанд.  Вале агар зарурате пеш омад ва шумо озими кӯча шудед, пас фаромӯш накунед, ки дар сар кулоши сабуки тобистона дошта бошем. Ҳамроҳи худ доштани оби бегаз муфид аст. Ҳангоме дар кӯча ҳастед, пас кӯшиш кунед дар соя бошед, зери сояҳо ҳаракат кунед. Гоҳу ногоҳ ба мағозаҳо дароед ва аз ҳавополои муассисаҳои тиҷоратӣ барои сард кардани ҳарорати бадани худ истифода кунед.

2. Барои таъмини организм бештар об нӯшед, тавсия мешавад, ки рӯзе набояд камтар аз 1,5-3 литр об бинӯшед.

3. Дар чунин рӯҳои гарм ҳаргиз тавсия намешавад, ки шароб нӯшед, ҳатто нӯшидани оби ҷав (пиво) низ маслиҳат нест. Ҳамчунин мутахассисон тавсия намедиҳанд, ки шумо ҳар гуна обҳои минералии газдору ширин нӯшед. Ин гуна обҳо ташнагии шуморо намешикананд ва илова бар ин табодули равандҳои организмро суст мекунанд, ки ин ба манфиат нест.

4. Бештар хӯроки сабук нӯши ҷон кунед: меваву сазаҷотро истифода кунед, моҳӣ ва мурғии обпаз, шӯрбои сард ва ғайра. Дар ин рӯзҳо билкул аз истеъмоли ғизоҳои равғанӣ, дар равған тафдодашуда ва ширинӣ даст кашед.

5. Ҳарорати ҳавои хонаи истиқоматии шумо бояд  +22+23 дараҷа бошад, на кам ва на зиёд. 

6. Ба бачаҳо бештар диққат диҳед. Дониста бошед, ки организми кӯдакон ба гармӣ бештар ҳассосият дорад.

7. Ҳангоми истироҳат дар соҳили обҳо бештар эҳтиёткор бошед, қоидаҳои бехатариву амният дар обҳоро куллан риоя кунед.

Кумита ҳамчунин аз сокинон хоҳиш мекунад ҳамеша ҷӯву каналҳо ва селроҳаҳоро аз ҳар гуна селовардаҳо, хасу хошоку сангу рег тоза кунанд, то агар сел ҳам омад, ба маҷрои худ ҷорӣ шавад ва ба хонаҳои шумо ва киштзоратон зарар нарасонад.

Аз аҳолӣ хоҳиш карда мешавад ба хабарҳои ВКД, КҲФ ва Вазорати нақлиёти кишвар пайваста таваҷҷуҳ кунанд ва тибқи тавсияҳои амал намоянд!

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE