Хатсайри намояндагони ВАО ба истгоҳҳои базавии алоқаи барқӣ, марказҳои хизматрасонӣ, марказҳои минтақавии ширкатҳои мобилӣ дар вилояти Суғд

Хатсайри намояндагони ВАО бо мутасаддиён аз Хатамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкатаҳои мобилӣ аз маркази пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе тавассути нақлиёти бароҳат ба самти вилояти Суғд ба анҷом расид.
Ин сафари сайёҳиву эҷодӣ аз 26 то 28-уми июн идома ёфта, ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бахшида шуда буд. Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои мобилии МегаФон Тоҷикистон, Tcell, Вавилон-М ва ZET-MOBILE ба чанд минтақаи вилояти Суғд сафари сайёҳиву эҷодӣ барои намояндагони ВАО ташкил намуд.
Намояндагони ВАО дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Истаравшан, Хуҷанд ва Гулистон аз маконҳои сайёҳиву фароғатӣ дидан намуда, ҳамзамон аз фаъолияти истгоҳҳои базавии алоқаи барқӣ, марказҳои хизматрасонӣ, марказҳои минтақавии ширкатҳои мобилӣ ва дигар фаъолиятҳои марбут ба соҳаи алоқа шинос гардиданд.
Мақсади асосии сафари сайёҳиву эҷодии мазкур бозгӯ намудани нақши Ваҳдати миллӣ дар рушди соҳаи алоқа мебошад.
Дар асоси тартиби муйяншуда рӯзноманигорон дар маркази шаҳри Панҷакент аз марказҳои хизматрасонии ширкати ZET-MOBILE дидан намуда, бо вазъи хизматрасониҳои рақамӣ шинос гардиданд. Ҳамзамон рӯзноманигорон бо масъулини ин маркази хизматрасонӣ суҳбати ихтисосӣ анҷом дода, ба саволҳои хеш посух гирифтанд.
Дар навбати дигар ҳайати намояндагони ВАО аз пойгоҳҳои мавҷтақсимкунии ширкатҳои мобилӣ воқеъ дар ҷамоати деҳоти Саразм, деҳаи Чимқалъа дидан намуданд. Дар ин пойгоҳ мавҷтақсимкунаки ҳамаи ширкатҳои мобилӣ ҷойгир мебошад. Рӯзноманигорон аз рафти фаъолияти истгоҳҳои базавии ширкатҳои Tcell ва Вавилон-М ошно гардиданд. Масъулини ширкатҳо аҳамияти корҳои навсозие, ки тӯли моҳҳои ахир дар ин пойгоҳ анҷом шудаанд, шарҳ доданд. Аз ҷумла, аз тарафи ширкати Tcell дастгоҳи барқғункунанда барои таъмини неруи барқ дар ҳолатҳои қатъ гардидани қувваи барқ, насб шудааст.
Дар баробари ин рӯзноманигорон аз фаъолияти истгоҳҳои базавии алоқа, ки аз ҷониби ширкати Вавилон-М насб шудааст, шинос гардиданд. Қайд гардид, ки ин истгоҳҳо ба таври шабонарӯзӣ фаъол буда, бидуни таъхир ба таъмини радиоии алоқа барои сокинонон қодир аст. Маълумот дода шуд, ки истгоҳҳои базавии ширкатҳои Tcell ва Вавилон-М то ҳол аз рӯйи стандартҳои 2G ва 3G фаъолият доранд, бо назардошти зиёдшавии аҳолӣ ва пешрафти технологияи мавҷрасонӣ ширкатҳои мобилии Tcell ва Вавилон-М нақша доранд, ки дар давоми сол бо навсозии комили истгоҳҳои базавии хеш барои сокинони ин минтақаи мамлакат стандарти насли 4G-ро дастрас созанд.
Дар идома рӯзноманигорон ба самти пойгоҳи базавии ширкати МегаФон Тоҷикистон, ки дар маркази шаҳр ҷойгир буд, роҳ пеш гирифтанд. Ин пойгоҳи базавӣ масоҳати камро ишғол намуда, мавҷи баландсуръатро ба сокинон пешниҳод менамояд. Яке аз хусусиятҳои дигари ин пойгоҳ дар он аст, ки таъиноти дугона дорад. Пойгоҳи ОДТ (Объекти дугонаи таъинот – ОДН) дар ҳудуди шаҳри Панҷакент ягона мебошад.
Дар рӯзи дуюми сафар ҳайати намояндагони ВАО бо роҳнамоии кормандони Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъулини операторони алоқаи барқӣ дар маркази шаҳри Истравшан аз маркази хизматрасонии ширкати Вавилон-М, пойгоҳҳои базавии мавҷпаҳнкунии ширкатҳои мобилии МегаФон Тоҷикистон, Tcell, Вавилон-М ва ZET-MOBILE боздид намуданд. Тавре иттилоъ дода шуд, дар марказҳои хизматрамонӣ мутахассисони соҳибтаҷриба фаъолият намуда, барои ҳалли саривақтии муроҷиати муштариён талош меварзанд. Дар пойгоҳҳои базавӣ таҷҳизоти навтарини алоқаи барқӣ васлу насб шудаанд. Барои фарогирии мавҷ дар ҳар гӯшаи шаҳр нафарони дорои тахассуси баланди техникӣ муваззаф гардидаанд.
Рӯзи охирини сафар дар шаҳри Хуҷанд сипарӣ гардид. Ҳайати намояндагони ВАО боздидро аз пойгоҳи базавии алоқа, воқеъ дар меҳмонхонаи “Суғдиён”, ки бо стандарти 5G кор мекунад, оғоз карданд. Ин пойгоҳ аз ҷониби ширкати мобилии ZET-MOBILE насб гардидааст. Баъдан аз Идораи вилоятии ширкати ZET-MOBILE боздид сурат гирифта, рӯзноманигорон бо сатҳу сифати хизматрасониҳо ошноӣ пайдо карданд. Рӯзноманигорон сафари сайёҳию эҷодии худро бо дидан аз намудан аз яке аз марказҳои хизматрасонии ширкати Вавилон-М дар шаҳри Хуҷанд идома доданд. Масъулини маркази мазкур тарзу навъҳои хизматрасонӣ ва фаъолияти худро дар шакли рақамӣ шарҳ доданд.
Дар идома меҳмононро намояндагони ширкати МегаФон Тоҷикистон дар Маркази хизматрасонии ширкати МегаФон Точикистон ва шуъбаи кор бо мизоҷони тиҷоратӣ пешвоз гирифтанд. Рӯзномагирон бо бахшҳои гуногуни он шинос гардиданд. Маълумот дода шуд, ки аз тарафи МегаФон Тоҷикистон дар вилояти Суғд даҳҳо пойгоҳҳои нави базавии стандарти 4G бунёд мегарданд. Таҷҳизоти пештар насбшуда ба пуррагӣ таҷдид карда мешавад. Дар натиҷа суръати интернет бо ҳам баландтар ва сатҳи фарогирии шабака васеътар мегардад. Хизматрасониҳои муосири рақамӣ барои сокинони шаҳру ноҳияҳо бештар дастрас хоҳанд шуд.
Идораи марказии ширкати мобилии Tcell дар вилояти Суғд низ макони ҷолиб дар сафар ба шаҳри Хуҷанд барои рӯзноманигорон буд. Бо роҳнамоии масъулини ширкат Tcell гурӯҳи рӯзноманигорон аз шуъбаҳои гуногуни Идораи марказии ширкати мазкур дар вилояти Суғд дидан намуданд. Беш аз ҳама диққати рӯзноманигоронро маркази тамоси ширкати Tcell, ки дар ин идора ҷойгир шудааст, ҷалб кард. Маркази мазкур ба тамоми муштариёни ширкат дар саросари кишвар хизмат мерасонад.
Ҷолиби диққат ин аст, ки дар марказҳои тамоси ширкатҳои мобилӣ фаъолият дар се баст, ба таври шабонарӯзӣ ба роҳ монда шуда, мутахассисон ҳамарӯза ба даҳҳо ҳазор занг ҷавоб мегардонанд. Яъне мушкилоти муштариёнро саривақт бартараф месозанд.
Дар баробари ин ҳайати меҳнонон аз мавзеи таърихии шаҳри таърихии Саразм, Оромгоҳи Устод Рӯдакӣ, Базаи сайёҳии “Артуч” Қалъаи Муғ, Қалъаи Хуҷанд ва Истироҳатгоҳи Баҳористон дидан намуда, ба нахустин сафари эҷодию сайёҳӣ, ки бо ибтикори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд, баҳои баланд доданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE