НИШАСТИ МАТБУОТӢ
“Сокинони ноҳияи Варзоб ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 158 иншоотро ба нақша гирифтаанд, ки то имрӯз 103 иншооти гуногуни ҷашнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. Айни замон корҳои сохтмонӣ ва лоиҳакашӣ дар иншооти боқимонда идома дорад”. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Хусрав Назаралӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Зикр гардид, ки имрӯзҳо корҳои сохтмони шаш адад муассисаҳои таълимӣ дар ҳудуди ноҳия бомаром ҷараён доранд. Аз ин шумора 2 муассисаи таълимӣ аз ҳисоби маблағгузории буйҷети маҳаллӣ, як муассисаи таълимӣ аз ҳисоби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва се муассисаи таълимии дигар аз ҳисоби соҳибкорон бунёд гардида истодааст, ки ба ин восита мушкилоти нарасидани ҷойи нишаст дар соҳаи маориф бартараф мешавад.
Мувофиқи маълумоти оморӣ, дар нимсолаи якуми соли 2024, 34 ҳазору 80 нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ аз минтақаҳои истироҳатӣ ва мавзеъҳои таърихии ноҳияи Варзоб боздид намудаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 378 нафар сайёҳ зиёд мебошад.
Т. Сатторов