Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри Душанбе

Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри Душанбе, ки соли 2021 расман таъсис ёфт, бо мақсади тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои сайёҳӣ ва меҳмондорӣ, менеҷменти молия ва маркетинг, технологияи иттилоотӣ ва киберамният фаъолият мебарад.

Ин донишкада дар асоси созишномаи байниҳукуматӣ ва фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №49 аз 9 ноябри соли 2020 таъсис ёфта, таҳсили донишҷӯён аз соли 2023 шуруъ карда шудааст. Дар соли таҳсили 2024–2025 ба зинаи бакалавриатура 32 нафар ва ба магистратура шумораи муайяни донишҷӯён қабул гардиданд.

Донишҷӯён имкони таҳсил бо бурсияҳои таълимиро доранд – 13 нафар донишҷӯ бо дастгирии молиявии ширкатҳои ватанӣ таҳсил мекунанд. Ҳамзамон, ёддошти тафоҳум бо Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ дар самти таҷрибаомӯзӣ ва корҳои таҳқиқотӣ ба имзо расидааст. Дипломи хатмкунандагони Донишкада аз ҷониби кишварҳои пешрафта эътироф гардида, сатҳи таҳсилоти он байналмилалӣ арзёбӣ мешавад.

Шукрона Насриддинзода
Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE