КҲФ: Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои байнидавлатии сарони ҳолатҳои фавқулоддаи аъзои ИДМ баргузор мегардад
КҲФ: Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои байнидавлатии сарони ҳолатҳои фавқулоддаи аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ баргузор мегардад
17-18 сентябри соли 2025, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, 37-умин ҷаласаи Шурои байнидавлатии сарони ҳолатҳои фавқулодаи аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ баргузор мегардад.Дар кори ҷаласа ҳайатҳои роҳбарии вазорату кумитаҳои дахлдор дар самти ҳолатҳои фавҷулода аз Ҷумҳурии Озорбойҷон, Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Белорус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон иштирок менамоянд.