Идомаи сафари расмии Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон Нурланбек Тургунбек уулу дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар ҳошияи барномаи сафари расмӣ дар кишвари мо Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон Нурланбек Тургунбек уулу ва ҳайати ҳамроҳаш аз як қатор иншооти фарҳангиву хизматрасон ва истеҳсолии пойтахт дидан намуд.
Нахуст ҳайати парламентии Ҷумҳурии Қирғизистон бо роҳбарии Раиси Жогорку Кенеш Нурланбек Тургунбек уулу ба корхонаи истеҳсоли об ва нӯшокиҳои газдори “Сиёма” ташриф оварда, бо фаъолияти истеҳсолии он аз наздик шинос шуд.
Дар идомаи рӯз Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон Нурланбек Тургунбек уулу ва ҳайати ҳамроҳаш аз корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе боздид намуд.
Зимни барномаи фарҳангӣ меҳмони олиқадрро намояндагони расмии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамроҳӣ карданд.