Мақоми ҳафтуми Ҷаҳонгир Маҷидов дар мусобиқаи «Zagreb Grand Prix 2022»
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Маҷидов дар мусобиқаи «Zagreb Grand Prix 2022», ки аз 15 то 17 июл дар пойтахти Хорватия баргузор шуд, дар вазни то 90кг қувваозмоӣ намуда, ҷойи ҳафтумро ишғол кард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мусобиқаи мазкур Тоҷикистонро 7 нафар варзишгарон, аз ҷумла Муҳаммад Маҳмадизода, Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60кг), Шаҳбоз Саидаброров, Алиҷон Сафаралиев (-66кг), Наврӯз Каримзод (-73кг), Шодмон Ризоев (-81кг) ва Ҷаҳонгир Маҷидов (-90кг) намояндагӣ карданд.
Миёни иштирокчиён натиҷаи беҳтарро Ҷаҳонгир Маҷидов нишон дод. Ӯ қуввасанҷиро аз даври дуюм шурӯъ карда, бар намояндаи Латвия Алексей Зарудневс, дар даври сеюм бар ҷудочии маъруфи сербӣ Неманя Майдов пирӯз шуд, вале дар чорякфинал аз варзишгари бразилӣ Рафаэл Маседо ва дар қувваозмоии тасаллобахш аз намояндаи Нидерланд Ноэл Ван`т Энд мағлуб гардида, ҷойи ҳафтумро гирифт.
Муҳаммад Маҳмадизода (-60кг) рақобатро аз даври дуюм муқобили Якоб Мор аз ИМА оғоз карда, пирӯз шуд, аммо дар даври сеюм аз ҷудочии ботаҷрибаи Ҷопон Генки Кога мағлуб гардид. Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60кг) низ ба рақобат аз даври дуюм пардохта, аз намояндаи Гурҷистон Гиорги Сардалашвили ноком шуд.
Алиҷон Сафаралиев (-66кг) дар нахустин қувваозмоияш аз Страхиня Бунчич (Сербия) шикаст хӯрд. Дар ин вазн Шаҳбоз Саидабуроров қуввасанҷиро аз даври дуюм бар зидди Майкл Фрайер аз Британияи Кабир шурӯъ карда, ғолиб шуд. Мутаассифона, дар даври сеюм аз Ҷе-Ҳон Ан аз Корея мағлуб гардид.
Наврӯз Каримзод (-73кг) ва Шодмон Ризоев (-81кг) дар нахустин рақобаташон аз ҷудокорони Полша – Ксавери Морка ва Себастян Мартсинкевич бо гирифтани се танбеҳ ноком шуданд.