Барои инъикоси Саммити «Осиёи Марказӣ-Русия» ва ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ шароити мусоид фароҳам гардидааст
9-10 октябр дар шаҳри Душанбе Саммити «Осиёи Марказӣ — Русия», ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад. Барои инъикоси ҳамаҷонибаи ин чорабиниҳо барои хабарнигорони дохилию хориҷӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маркази матбуотӣ бо тамоми шароити зарурӣ ташкил гардидааст. Дар ин бора сардори Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳин Самадӣ ииттилоъ дод.
Сардори Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ иброз дошт, ки барои кори самараноки хабарнигорон ҷониби Тоҷикистон шароити зарурӣ муҳайё намудааст. Аз ҷумла, дар ду толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон маркази матбуотӣ ташкил шудааст, ки барои намояндагони воситаҳои ахбори омма ниҳоят мувофиқ мебошад. Дар ин маркази матбуотӣ барои хабарнигорон ҷойи кори мувофиқ омода гашта, компютерҳои ба интернет пайваст ташкил шудаанд.
«Бақайдгирии хабарнигорон барои инъикоси чорабиниҳои дарпешистода пешакӣ эълон карда шуда, қабули аризаҳо то 1 октябр муқаррар гардид. Дар маҷмуъ, ба намояндагони расонаҳои дохилию хориҷӣ, аз ҷумла ба агентиҳои хабарии байналмилалӣ ва шабакаҳои телевизионӣ 620 бейҷик дода шуд», — гуфт Шоҳин Самадӣ.
Барои инъикоси чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ на танҳо хабарнигорон аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, балки намояндагони телевизиони «Ал-Ҷазира», агентии «Синхуа» ва чанд нашрияи олмонӣ низ ба қайд гирифта шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки 8–10 октябри соли 2025 дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе якчанд чорабинии муҳими сатҳи баланди байналмилалӣ, аз ҷумла сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саммити роҳбарони давлатҳо дар қолаби «Осиёи Марказӣ – Русия», ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегарданд.
Барои иштирок дар ин чорабиниҳо Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, Сарвазири Арманистон Никол Пашинян, Президенти Беларус Александр Лукашенко, Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Русия Владимир Путин, Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳаммадов ва Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ташриф меоранд.
Роҳбарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил масъалаҳои муҳимтарини рӯзномаи байналмилалӣ, аз қабили амнияти минтақавӣ ва глобалиро баррасӣ хоҳанд кард. Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои таҳкими минбаъдаи гуфтугӯи сиёсӣ, тақвияти ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва густариши ҳамкорӣ дар самтҳои гуманитарӣ ва фарҳангӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дода мешавад.