Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ҳалқаи кӯчаи Дӯстии халқҳо пайваст ба кӯчаи Меҳнат муваққатан қатъ мегардад

Шуруъ аз 25 октябр дар қитъаи ҳалқаи кӯчаи Дӯстии халқҳо пайваст ба кӯчаи Меҳнати пойтахт ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ карда мешавад. Дар ин хусус аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Ин тадбир бо мақсади гузаронидани корҳои сохтмону навсозӣ дар иншооти «Сохтмони роҳи автомобилгард аз ҳалқаи кӯчаи Дӯстии халқҳо пайваст ба кӯчаи Меҳнат» амалӣ карда мешавад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ронандагони воситаҳои нақлиёт, шаҳрвандон ва меҳмонон хоҳиш менамояд, ки талаботи аломатҳои роҳ ва дигар нишонаҳои гузоштаро риоя намуда, аз роҳҳои ҳамшафати он истифода намоянд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE