Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Раёсати маорифи ноҳияи Данғараро мавриди истифода қарор доданд

 23 октябр бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Данғара бинои нави Раёсати маорифи ноҳия мавриди истифода қарор дода шуд.

Бинои бошукўҳ аз 7 ошёна ва 157 ҳуҷраи корӣ иборат буда, он дар доираи истиқболи сазовор аз ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо тарҳи замонавӣ ва услуби меъмории миллӣ бунёд шудааст.

Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои мазкур дар масоҳати 0,88 гектар бунёд гардида, дар он шароити арзандаи корӣ фароҳам оварда шудааст.

Бинои нави Раёсати маорифи ноҳияи Данғара дорои ду маҷлисгоҳи барҳаво дар маҷмуъ бо 500 ҷойи нишаст мебошад.

Ҳамзамон дар бино 2 лифти замонавӣ насб гардидааст.

Ин бинои хуштарҳу замонавӣ дорои китобхона ва ошхона бо 140 ҷойи нишаст буда, ҳамчунин ҳуҷраҳои мусоиди корӣ муҷаҳҳаз бо муосиртарин технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ аз бартариятҳои дигари иншоот ба шумор меравад, ки ба ноҳия ҳусни дигар зам кардааст.

Шароити фароҳамгардида дар бинои нав барои 40 корманд имконият медиҳад, ки минбаъд аҳли маориф фаъолияти худро ҷоннок намуда, дар рушди соҳа, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва таълиму табрияи насли худогоҳу ватандӯст саҳми намоён гузоранд.

Атрофи бинои нави Раёсати маорифи ноҳияи Данғара чароғон ва сабзу хуррам гардонида шудааст.

Ҳоло дар ноҳияи Данғара 85 муассисаи таълимӣ бо фарогирии 53 ҳазору 646 хонанда фаъолият дорад. Соли равон тибқи Квотаи Президентӣ 18 хатмкарда ба макотиби олии кишвар дохил шуданд, ки 9 касашон духтарон мебошанд. Ҳамзамон барои таҳсили солҳои 2025-2026 454 омӯзгор аз курси такмили ихтисос гузаштаанд.

Дар идомаи таҳсили соли 2025 хонандагон дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, соҳиби 171 медал, аз ҷумла 13 медали тилло, 22 медали нуқра ва 136 медали биринҷӣ, гардиданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо иншооти нав ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ба аҳли маорифи ноҳия барои боз ҳам баланд бардоштани сифати тадрис, истифодаи васеи технологияҳои муосир, ҷалби ҳарчи бештари хонандагон ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дастуру тавсияҳо доданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE