Рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷопон дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баррасӣ гардид
Масоили марбут ба рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 29 октябр дар мулоқоти раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Фурута Кейко баррасӣ гардид. Дар ин бора аз Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ хабар доданд.
Ҷонибҳо вобаста ба тайёр намудани кадрҳои коргарӣ, омӯзиши забони ҷопонӣ, мубодилаи таҷриба ва дастгирии техникию методиро мавриди муҳокима қарор доданд.
Фарҳод Раҳимӣ дар мавриди фаъолияти кумита ва муассисаҳои зерсохтори он маълумот дода, иброз дошт, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд солҳои охир инфрасохтори муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар мамлакат ба таври назаррас рушд ёфтааст.
Изҳор гардид, ки барномаҳои ҳамкории байни Ҷопон ва Тоҷикистон, аз ҷумла дар доираи Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) имконият медиҳанд мутахассисони ҷавон дар машғулиятҳои омӯзишӣ ва таҷрибаомӯзӣ иштирок намуда, донишу малакаҳои худро дар самтҳои муҳандисӣ, энергетика, менеҷмент ва технологияҳои иттилоотӣ такмил диҳанд.
Дар суҳбат масъалаи омӯзиши забони ҷопонӣ дар муассисаҳои зерсохтори кумита ва ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти касбии Ҷопон таъкид гардид.
Мусоҳибон аз ҷонибдорӣ ва ҳамкории устувори давлатҳо дар рушди соҳаи таҳсилоти касбӣ қаноатмандӣ намуда, изҳори итминон карда шуд, ки робитаҳои байни кумита ва Сафорати Ҷопон минбаъд низ густариш меёбанд.

