Ванҷ: деҳаи калонтарини ноҳия китобхонаи муосир надорад

Дар деҳаҳои дурдасти ноҳияи Ванҷ нарасидани китобхонаҳои муосир мушоҳида карда мешавад. Тавре дар ин хусус хабарнигори Радиои Тоҷикистон Сироншои Диловар аз мушоҳидаҳои худ ва ҳамсуҳбат гардидан бо чанде аз сокинони ноҳия иттилоъ дод, яке аз калонтарин деҳаҳои ноҳияи Ванҷ – деҳаи “Ускроғ” китобхонаи муосир надорад.

Ин дар ҳолест, ки ҳамасола дар кишвар бо Амри Прзиденти мамлакат Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” гузаронида мешавад. Ба таъкиди аҳли зиёи ноҳияи Ванҷ агар наврасону ҷавонони ноҳия ба китобхонаҳо дастрасӣ пайдо карда, бо осори эҷодии адибони классику муосири тоҷик ва адабиёти ҷаҳон ошно мешуданд, он гоҳ имкон ба даст меомад, ки сокинони ноҳияи Ванҷ ба натиҷаҳои беҳтарини озмуни мазкур ноил шуда метавонистанд.

Чуноне дар ин хусус сокини деҳаи “Ускроғ” – и ҷамоати деҳоти ба номи Муҳаммадулло Абдуллоеви ноҳияи Ванҷ Қаюм Раҳмонов гуфт: “Дар деҳаи “Ускроғ” ва рустоҳои ҳамшафат, ки дар он зиёда аз 560 хонавода зиндагӣ мекунанд,  ба ҷуз ду китобхонаи мактабӣ, ки теъдоди китобҳои он низ хеле кам аст, дигар китобхона мавҷуд нест. Ҳарчанд дар маркази ноҳия китобхона фаъолият дорад, вале роҳ то марказ хеле дур аст. Аз ин сабаб, мо ва фарзандонамон имкони дастрасӣ ба китобро надорем”.

Боиси таассуф аст, ки яке аз калонтарин деҳаҳои ноҳияи Ванҷ китобхона надорад. Ягона муассисаи фарҳангие, ки дар деҳаи мазкур мавҷуд буд, мутаассифона бо сабабҳои гуногун курсиҳои онро 10 сол пеш шикаста, ба яғмо бурданд. Умед бар он дорем, ки масъулини вилоят ва ноҳия аз ин ҳолат огоҳ гардида, барои бартараф намудани чунин мушкилии мубрами рӯз тадбирҳои муҳим меандешанд.

Нуралӣ Давлат,

Сироншои Диловар,

Радиои Тоҷикистон

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE