Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи томактабии хусусии «Кӯдакистони Арча»- ро ба истифода доданд
18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои Муассисаи томактабии хусусии Кӯдакистони Арчаро, ки аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Фортуна Ко, ки ба таври инноватсионӣ бунёд шудааст, ба истифода доданд.Кӯдакистони Арча дар асоси татбиқи нишондоди Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ оид ба бунёди муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои инкишофи кӯдак дар маҳаллаҳои аҳолинишин бунёд гардида, мақсади он фарогирии бештари кӯдакон ба низоми ибтидоии таълим арзёбӣ мешавад.Кӯдакистони инноватсионии Арча барои 500 кӯдак сохта шуда, дар маҳаллаи 7-уми шаҳри Хуҷанд ба фаъолият оғоз кард. Муассисаи нави томактабӣ бобати таъмини кӯдакон бо муҳити бехатар, инноватсионӣ ва устувори таълимӣ аз ҳисоби маблағҳои шахсии оилаи Очиловҳо бунёд ёфтааст.Баробари ба истифода додани боғча зиёда аз 40 мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи корӣ ва маоши муносиб таъмин шуданд.Ин лоиҳа ҳамчун намунаи равшани сармоягузорӣ ба муассисаҳои иҷтимоии хусусӣ ва як қадами калидии стратегии рушди захираҳои инсонӣ дар Тоҷикистон маънидод мегардад.Низоми таълим дар муассисаи нави томактабӣ тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ буда, барои ба боғча расондани кӯдакон се воситаи нақлиёти муосир харидорӣ шудааст.Боғча бо инфрасохтори инноватсионӣ, синфхонаҳои интеллектуалӣ, фазои мусоиди экологӣ ва барномаҳои тарбияву рушди ҳамаҷониба барои кӯдакони синни томактабӣ таъсис дода шудааст.Дар муассисаи томактабӣ 18 гурӯҳ ташкил шудааст, ки ҳар кадоме бештар аз 20 кӯдакро ба таълиму тарбия фаро мегирад.Теъдоди синфхона, ҳуҷраҳои хоб ва ёрирасон бошад, ба 25 адад мерасад.Толори варзишӣ барои кӯдакон ва ошхонаи муҷаҳҳазу барҳаво аз имкониятҳои дигари муассисаи таълимии томактабӣ мебошад.Дар синфхонаҳои замонавӣ ва ҷавобгӯ ба стандартҳои пазируфташуда Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тарбиятгирандагони кӯдакистон суҳбати самимӣ анҷом доданд.Гурӯҳҳо ба маҳфилҳои бозӣ, китобхонӣ, санъат, бозиҳои нақшофарӣ, табиатшиносӣ ва ғайра ҷудо карда шудааст. Ба рушди нутқи кӯдакон ва тафаккури тарбиятгиранда афзалият дода мешавад.Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои боздид аз ин иншоот, ки бо санъати муосири меъмории миллию аврупоӣ бунёд шудааст, баҳои баланд доданд.Дар ҳамин ҷо пас аз ифтитоҳи кӯдакистони нав Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи фосилавӣ ба фаъолияти кӯдакистони Азизи дилҳо дар шаҳри Хуҷанд, ки аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Азизи дилҳо” бунёд шудааст, оғоз бахшиданд.Иншоот дар масоҳати 36 садяк замин, дар ду ошёна аз тарафи соҳибкор Нигина Ибодуллоева бунёд шудааст ва дар он 120 кӯдак дар чор гурӯҳ ба тарбия фаро гирифта шудаанд. Таълим дар ин кӯдакистон бо се забон-тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.Аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Меҳрофарин бошад, дар шаҳри Хуҷанд кӯдакистони Донояк ба истифода дода шуд. Ин муассисаи томактабӣ барои 60 кӯдак пешбинӣ гардида, он аз се ошёна иборат аст. Таълим дар ин кӯдакистон ҳам бо се забон тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мебошад.Ифтитоҳи иншооти дигари соҳаи маориф, 1 кӯдакистон дар ноҳияи Айнӣ низ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи фосилавӣ сурат гирифт.Кӯдакистони Фаринӯш дар ноҳияи Айнӣ дар доираи вусъати корҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Томин ба истифода дода шуд.Бинои нави кӯдакистон аз ду ошёна иборат буда, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, саҳми соҳибкорони ташаббускор ва шахсони саховатпешаи деҳа сохта шудааст.Дар кӯдакистони нав имкони ба таълими томактабӣ фаро гирифтани 40 кӯдак мавҷуд буда, он дорои шароити муосир мебошад. Ҳуҷраҳо барои гузаронидани машғулиятҳо, ҳуҷраҳои хоб ва фароғат дар муассисаи томактабӣ дорои шароити мусоид буда, бо лавозимоти соҳавӣ муҷаҳҳаз мебошанд.Ҳамчунин, дар ҳамин рӯз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 8 маркази инкишофи барвақтии кӯдаконро, воқеъ дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд.Сохтмони марказҳои инкишофи барвақтии кӯдакон дар назди муассисаҳои таълимии №23-и деҳаи Лангар, муассисаи таълимии №31-и деҳаи Сабағ ва муассисаи таълимии №10-и деҳаи Деҳманораи деҳоти Лангар, муассисаи таълимии №17-и деҳаи Ронч, муассисаи таълимии №11-и деҳаи Ғузн, муассисаи таълимии №32-и деҳаи Рогиф ва муассисаи таълимии №11-и деҳаи Рӯзи деҳоти ба номи Иван-Тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо сифати баланд анҷом дода шудааст.Марказҳои инкишофи барвақтии кӯдакон, дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути маблағгузории Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши инсонӣ дар Тоҷикистони назди Вазорати молияи кишвар бунёд гардидааст. Дар ҳар яке аз ин муассисаҳо аз 25 то 60 кӯдак ба таҳсилоти иловагӣ фаро гирифта мешаванд.Зимни суҳбат бо масъулони тарҳи бунёди марказҳои инкишофи барвақтии кӯдакон дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро барои ҳиссагузории бештар дар пешрафти низоми маорифи Тоҷикистон, бахусус саҳмгузорӣ бобати рушди зинаи ибтидоии таълим, ҳидоят карданд.

