Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка Анура Кумара Диссанаяке барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

1 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка муҳтарам Анура Кумара Диссанаяке барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам ҷаноби Президент,

Хабари ба ҳалокат расидан ва осеб дидани шумораи зиёди одамон бар асари боришоту обхезиҳои шадид дар кишвари дӯсти Шри-Ланка боиси андуҳи гарони мо гардид.

Вобаста ба ин мусибати сангин ҳамдардиву таслияти самимии инҷонибро ба Шумо, пайвандону наздикони қурбоншудагон ва тамоми мардуми дӯсти Шри-Ланка изҳор намуда, ба  ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам».

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE