Вохӯрӣ бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов

11 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Форуми сулҳ ва эътимод дар шаҳри Ашхобод бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов мулоқот намуданд.Дар мулоқот як зумра масоили вобаста ба таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд.Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ҷонибдори дар руҳияи шарикии стратегӣ рушд додани ҳамкорӣ бо Туркманистон мебошад.Таваҷҷуҳи зиёд ба тақвияти ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, густариши робитаҳо дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, саноат, кишоварзӣ ва дигар самтҳо зоҳир гардид.Алоқамандии ҳарду кишвар ба густариши робитаҳои фарҳангию башарӣ таъкид гардид.Дар ҷараёни суҳбат, ҳамчунин, масъалаҳои ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ мавриди назари ҷонибҳо қарор доштанд.#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Туркманистон #Туркменистан #Turkmenistan #PeaceAndTrustYear

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE