Хусравхон Раҳимов ба финали Чемпионати ҷаҳонии бокс-2025 баромад!
Муштзани ҷавони тоҷик Хусравхон Раҳимов (57 кг) дар даври нимниҳоӣ бо қарори якдилонаи доварон (5:0) бар Хуҷаназар Нортоҷиев 🇺🇿 пирӯз шуда, ба финал роҳ ёфт.
Ин натиҷа таърихӣ аст — Раҳимови 23 сола аввалин муштзани тоҷик аст, ки ба финали Чемпионати ҷаҳон мерасад.

