Муаррифии лоиҳаи Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Бонки ҷаҳонӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи машваратии ҷонибҳои манфиатдор таҳти унвони «Муаррифии лоиҳаи Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Зимни суханронӣ муовини якуми раиси кумита Исфандиёр Шукурзода иттилоъ дод, ки таҳияи лоиҳаи мазкур талаботи замон буда, барои баррасии ҳамаҷонибаи он бояд чораҳои зарурӣ андешида шуда, назар ва пешниҳодҳои мутахассисон ба инобат гирифта шаванд.
Намояндаи гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ Ҳидоят Убайдуллоҳ ҳозиринро ба он даъват кард, ки имрӯз тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои онро баръало эҳсос менамоем ва бояд масъалаи мутобиқшавӣ ба ин равандро ҷиддан мавриди баррасӣ қарор диҳем.
Имрӯз дар саросари ҷаҳон яке аз мушкилоти глобалӣ ифлосшавии муҳити зист ба ҳисоб меравад ва инсоният бояд худ дар ин самт пешқадам бошад. Иштирокчиёни ҷаласаи имрӯза тарзу усулҳои беҳтару муассири ҳалли ин масъалаи ташвишовари сайёраро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Нигинаи Давронзод
Садои Душанбе

