Дар шаҳри Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Бунёди ОПЕК баррасӣ гардид
Дар шаҳри Вена мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Бунёди ОПЕК Манучеҳр Ҷобир бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ Абдулҳамид Алхалифа баргузор гардид.
Тавре аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо имконияти рушд ва тавсеаи минбаъдаи ҳамкории мутақобили судманд байни Тоҷикистон ва Бунёди ОПЕК-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия

