Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон идома доранд
Дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон 19 декабр вохӯрии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Шаҳбоз Шариф бо Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён баргузор гардид. Дар ин хусус Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Сарвазири Покистон оид ба баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон изҳори хушнудӣ намуда, иброз дошт, ки «ин иқдом аз сатҳи баланди муносибатҳои Ҷумҳурии Исломии Покистон бо Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад. Нахустин маротиба доир гардидани ин ҳамоиши муҳими фарҳангӣ чун пули иртиботӣ барои тақвияти ҳамкории минбаъдаи Тоҷикистону Покистон заминаи устувор мегузорад».
Ҳамчунин дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Маркази мероси фарҳангии халқии “Lok Virsa”-и шаҳри Исломобод намоиши маҳсулоти Тоҷикистон ва санъати миллӣ пешниҳод гардид. Инчунин барномаи фарҳангии муштараки ҳунармандони Тоҷикистону Покистон доир шуд.
Дар рӯзи сеюми Ҳафтаи фарҳанги Тоҷикистон дар Покистон дар толори “Lok Virsa”-и шаҳри Исломобод Форуми байналмилалии «Покистону Тоҷикистон- ду қолабу як ҷон» баргузор шуд. Дар он аҳли илму адаб, олимон ва шоирону нависандагони Тоҷикистону Покистон иштирок доштанд.
Дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон 19 декабр Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири иттилоот ва телевизиони Ҷумҳурии Исломии Покистон Аттоулло Тарар вохӯрӣ намуд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо таъсиси гурӯҳи корӣ дар байни вазоратҳо барои танзими ҳамкории фарҳангӣ дар оянда, ҳамчунин омодасозии кадрҳои соҳа дар донишкадаҳои ду мамлакат дар самти филмофарӣ, театр, китобхона, идомаи баргузории Рӯзҳои фарҳанг дар ду давлат ва дигар масъалаҳоро баррасӣ намуданд.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

