Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-ро ифтитоҳ намуданд

25 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-ро ифтитоҳ намуданд.

Иншоот барои ба таҳсил фаро гирифтани 1240 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, дар он 68 омӯзгори соҳибтахассус бо кор таъмин шуданд.

Бо мақсади фарогирии кӯдакон ба таълими томактабӣ дар назди муассиса Маркази инкишофи кӯдак таъсис дода шудааст.

Бинои таълимӣ дорои 33 синфхонаи муҷаҳҳаз, ҳуҷраҳои корӣ, толори маҷлис бо 104 ҷойи нишаст, китобхона, ошхона, толору майдончаи варзишӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон буда, мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ сохта шудааст. Кабинетҳои фаннӣ, аз ҷумла фанҳои физика, химия, биология, технологияи иттилоотӣ ва дигар шароити мусоиди таълиму тадрис ба баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон мусоидат менамоянд.

Раванди таълим дар асоси барномаҳои давлатии таълимии соҳавӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба роҳ монда шудааст. Қабули хонандагон ба муассиса тавассути санҷиш ва баҳогузории донишу малака сурат мегирад.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулонро вазифадор намуданд, ки сатҳу сифати таълиму тарбияро мунтазам назорат ва таҳлил намуда, омӯзгоронро ба курсҳои такмили ихтисос ҷалб кунанд ва барои таҳияи дастурҳои таълимии мутобиқ ба талабот тадбирҳои амалӣ андешанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE