Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншооти соҳаи маориф ва як корхонаи саноатиро дар минтақаи саноатии шаҳри Левакант ифтитоҳ намуданд
25 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз мавриди истифода додани Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17, дар ҳамин ҷо ба таври фосилавӣ як иншооти соҳаи маориф ва як корхонаи саноатиро дар минтақаи саноатии шаҳри Левакант ифтитоҳ намуданд.
Корхонаи истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Хусрав сохтмон бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Сунатулло Гадоев дар масоҳати 3 ҳазор метри мураббаъ бунёд гардидааст.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки раванди истеҳсол пурра бо истифода аз технологияҳои муосир ба роҳ монда шуда, иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз 60 ҳазор дона хиштро ташкил медиҳад ва ҳаҷми солонаи истеҳсолот ба зиёда аз 22 миллион дона мерасад. Ҳоло дар корхона 20 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ ва 20 каси дигар ба корҳои мавсимӣ ҷалб гардидаанд.
Дар назар аст, ки то ҷашни байналмилалии Наврӯз марҳилаи дуюми корхона ба истифода дода шуда, истеҳсоли хишти сабук (газоблок) ба роҳ монда шавад. Бо татбиқи ин марҳила барои боз 20 нафар сокинони маҳаллӣ ҷойи кори нав таъсис меёбад.
Ҳамчунин, дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои иловагии таълимӣ барои 600 хонанда дар ду баст дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26 мавриди истифода қарор дода шуд.
Иншооти мазкур бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, саҳми сокинон ва соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардидааст. Дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ 20 сокини маҳаллӣ бо кори муносиб таъмин гардиданд.
Зимни боздид Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи бинои нави таълимиро қадами муҳим дар самти рушди соҳаи маориф арзёбӣ намуда, ҷиҳати фароҳам овардани шароити муосири таҳсил ва баланд бардоштани сифати таълим ба масъулон дастуру тавсияҳои мушаххас доданд.
