Ҷаласаи гурӯҳи кории Консепсияи «Маркази байналмилалии Наврӯз» баргузор гардид
24 декабр дар Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи гурӯҳи кории Консепсияи «Маркази байналмилалии Наврӯз» баргузор гардид.
Дар ҷаласа моҳияти Наврӯз ва ҷашнҳои миллии тоҷикон, пайдоиш ва ташаккули онҳо, инчунин суннату фазилатҳои Наврӯз баррасӣ карда шуд.
Иштирокдорон дар бораи мақсаду вазифаҳои марказ, сохтори он ва мазмуну муҳтавои муҷтамаъ баёни андеша карда, пешниҳодҳои муфид доданд.
Ёдовар мешавем, ки 16 декабр зимни пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дода шуд, ки дар шаҳри Душанбе Маркази байналмилалии Наврӯз бунёд карда шавад.
АКС: Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

