ОГОҲӢ. 16-17 январ дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 8-10 дараҷа паст мешавад
16-17 январ вобаста ба тағйирёбии ногаҳонии ҳаво дар бештари ноҳияҳои водигию доманакӯҳ ҳарорати ҳаво то 8-10 дараҷа паст мешавад. Дар ин хусус аз Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, 15 январ дар минтақаҳои водигӣ ва доманакӯҳӣ бориши борон пешгӯӣ карда мешавад. Дар охири рӯз бориши борон ба барфи тар гузашта, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳ асосан барф меборад.
17 январ дар баъзе ноҳияҳои ҷумҳурӣ бориши барфи тар пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо барфи бошиддат меборад.
Инчунин 16 январ бинобар сабаби бориш дар шоҳроҳи Душанбе-Чанок (километрҳои 51-74, 80-81) ва минтақаҳои тармафарои Майхура ва Зиддеҳи ноҳияи Варзоб сар задани тарма пешгӯӣ карда мешавад.
АКС: Dushanbe-travel

