Сокинони шаҳри Исфара соҳиби туҳфаи Пешвои миллат- «Шоҳнома»-и безавол мегарданд

Дар доираи иқдоми фарҳангии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоҳасари безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ — «Шоҳнома» ба сокинони шаҳри Исфара дастрас карда  мешавад.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара хабар доданд, дар  доираи ин иқдоми маънавию маърифатпарварона ба 47 ҳазору 479 оила нусхаҳои ин китоби таърихию адабӣ тақдим мегардад.

Сокинон зимни тақдими ин туҳфаи маънавӣ бо эҳсоси ифтихор изҳор доштанд, ки ин иқдоми фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими худшиносии миллӣ ва эҳёи руҳияи ватандӯстӣ нақши муҳим мегузорад. Иброз намуданд, ки тақдими китобҳои арзишманд, бахусус осори классикӣ ба рушди маърифати китобхонӣ ва болоравии сатҳи фарҳангии ҷомеа мусоидат мекунад.

Ин шоҳасар бо иштироки намояндагони Ҳукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, масъулони соҳаҳои маорифу фарҳанг ва фаъолони ҷомеа тақсим карда мешавад.

Шоҳасари безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ — «Шоҳнома» дар Нашриёти «Шарқи озод»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми ду ҷилд ва бо теъдоди  умумии 1 700 000 нусха ба табъ расидааст.

Ин ташаббуси фарҳангпарварона дар баробари дигар иқдоми маънавии Сарвари давлат, аз ҷумла тақдими асари безаволи аллома Бобоҷон Ғафуров — «Тоҷикон» ба ҳар хонадон ба таҳкими ҳувияти миллӣ, болоравии маърифати фарҳангӣ ва бедории фикрии ҷомеа мусоидат менамояд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE