Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: Аз гармои шадид эҳтиёт кунед

Даҳаи охири моҳи июн бо пайғоми оғози гармои шадид барои кишвар ба поён мерасад. Аз ин ба баъд сокинони кишвар бояд худро ба гармиҳои шадид омода созанд. Бахусус касоне, ки сафарҳои роҳи дурро тарҳрезӣ кардаанд ва мехоҳанд аз гӯшае ба гӯшаи дигари кишвар раванд, бояд бештар эҳтиёт кунанд. Хавфи обхезӣ бар асари гармо ва резиши санг дар роҳҳои кӯҳӣ зиёд аст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии обуҳавосанҷии мамлакат хабар медиҳадто 3 – уми июл ҳаво дар қаламрави ҷумҳурӣ гарму бебориш боқӣ мемонад. Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва қисмати ғарбии ВМКБ дар натиҷаи гармои шадид эҳтимоли об шудани барф дар кӯҳҳо ва омадани селҳо вуҷуд дорад. Ҳамзамон ин ҳолат метавонад ба баланд шудани сатҳи оби рӯдхонаҳо сабаб шавад.  

Дамои ҳаво дар шаҳри Душанбе ва водиҳо ба 37 + 43 дараҷа хоҳад расид, дар кӯҳҳо ва ғарби ВМКБ  +31 + 36 дараҷаро ташкил хоҳад дод.

Дар ҳамин иртибот КҲФ аз шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад хеле эҳтиёткор бошанд, бахусус ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ гузаштан ва ҳузур дар соҳили дарёҳову кӯлҳо ботаваҷҷӯҳ бошанд.

Чанд тавсияи Кумита барои ин рӯзҳо:

  • Кӯшиш кунед ҳарчи камтар зери нури офтоб бошед. Аммо дар ҳоли зарурат бо худ гирифтани чатр ва ё кулоҳи тобистонаро фаромӯш накунед;
  • Ҳарчӣ бештар об истеъмол кунед;
  • Дар ёд дошта бошед, ки бештар кӯдакону наврасон ва афроди солманд ба хатари гармо гирифтор мешаванд; ғамхорӣ дар ҳақи онҳоро фаромӯш накунед;
  • Ҳангоми сафар бештар ба худ диққат диҳед, зеро вазъи саломатии инсон метавонад дар гармо бештар бад шавад;
  • Бештар ҳангоми истироҳат ва оббозӣ эҳтиёткор бояд буд, қоидаҳои будубош дар соҳили дарёву рудхонаҳо, каналҳо, ҳавзҳои оббозӣ ва шаршараҳоро ҷиддан риоя кунед;

Ба пӯшиши хуб эътибор диҳед. Талош кунед дар ин рӯзҳо асосан либосҳои омодашуда аз нахи пахта истифода намоед ва аз пӯшидани сару либоси синтетикӣ худдорӣ намоед.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE