Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд

Аз ҷониби раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб 400 нусха китобҳои гуногунмазмун оид ба илм, адабиёт, таърих, фарҳанг, педагогика, инчунин 10 рафи муосири китобмонӣ тақдим карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Донишгоҳи давлатии Кӯлоб хабар медиҳад.

Ин иқдом дар доираи Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ (2026) ва Солҳои фарҳанги китобхонӣ дар вилояти Хатлон (2026-2030) амалӣ гардид. Китобҳо ба хотири ғанӣ гардонидани фонди китобхона ва фароҳам овардани имконияти васеъ барои қонеъ гардонидани ниёзҳои маърифатии хонандагон мусоидат менамоянд.

Зимни тақдими китобҳо иброз гардид, ки ин иқдом саҳми арзандаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар рушду таҳкими фарҳанги китобдорӣ, тарғибу ташвиқи китобхонӣ ва баланд бардоштани завқи донишандӯзӣ дар байни наврасон, ҷавонон ва қишрҳои гуногуни ҷомеа аст. Донишгоҳ ҳамеша масъалаи рушди маънавият, густариши дониш ва таҳкими робитаи илм бо ҷомеаро аз самтҳои афзалиятноки фаъолият медонад.

АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE