Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони кӯдакистони №9 оғоз гардид

 Дар шаҳри Хуҷанд ба бунёди кӯдакистони муосир санги асос гузошта шуд. Бинои нави кӯдакистони № 9 бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бунёд гардида, дар он 350 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд. Лоиҳаи иншоот аз ҷониби мутахассисони ҶДММ «Меъмори муосир» таҳия гардида, пудратчиён ҶДММ «Истиқлол гурӯҳ» ва ҶДММ «Хушофар» мебошад. Дар ин бора Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар маросими оғози корҳои сохтмонии кўдакистони мазкур иштирок намуда, зикр кард, ки бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳо ҳамсола даҳҳо иншооти соҳаи маориф бунёд гардида, барои таълиму тарбияи насли наврас беҳтарин шароит фароҳам оварда мешавад. Бо назардошти ин, кормандони соҳаи маорифро зарур аст, ки наврасону ҷавононро дар рўҳияи ватандӯстӣ тарбия намуда, барои соҳиби касбу ҳунар гардидани онҳо аз имкониятҳо истифода намоянд.

Раиси вилоят сипас бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар бинои иловагии Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд, Мактаби махсуси варзиши камонварӣ ва биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ аз наздик шинос шуда, барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳо ба масъулин супоришҳо дод.

Ёдовар мешавем, ки бинои Мактаби махсуси варзиши камонварӣ аз 2 ошёна иборат аст. Дар ошёнаи якум утоқҳои кории маъмурият, пизишкон, мураббиён, ҷойи оббозӣ, ҷойи либоскашӣ ва толори маҷлисгоҳ ҷойгир мешаванд. Дар саҳни ошёнаи якум майдони камонварии тобистона сохта хоҳад шуд.

Дар ошёнаи дуюми иншооти мазкур толори варзишӣ барои гузаронидани машқҳои варзишӣ ва мусобиқаҳо аз рўи намуди камонварӣ, утоқи либоскашӣ ва утоқ барои нигоҳ доштани таҷҳизоти камонварӣ ҷойгир мешаванд.

Зикр гардид, ки бо фаъол гардидани мактаби варзишии камонварӣ барои тамрини наврасону ҷавонон шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, аз миёни онҳо қаҳрамонҳое, чун Зебунисо Рустамова ба камол мерасанд.

Мактаби варзишӣ дар ҳудуди варзишгоҳи марказии «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» ҷойгир аст. Дар ин мавзеъ варзишгоҳи бузургтарини вилоят, қасри варзишӣ, маҷмааи ҳавзҳои шиноварӣ, майдонҳои теннис мавҷуд буда, ташкили иншооти нави соҳаи варзиш ба рушди соҳа мусоидат менамояд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE