Дар деҳаи Рожи Ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон мушкилоти оби полезӣ бартараф гардид
Дар деҳаи Рожи Ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон канали обёрикунӣ мавриди истифода қарор гирифт. Дар ин хусус Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар медиҳад.
Лоиҳаи сохтмони канали обёрикунӣ дар деҳаи мазкур дар доираи Барномаи ҳукумати Ҷопон оид ба кумакҳои бебозгашт ва амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ (GGP) бунёд гардидааст.
Маблағгузории лоиҳа аз ҷониби Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, корҳои сохтмонӣ моҳи апрели имсол оғоз гардиданд.
Дар доираи лоиҳаи мазкур қубури обгузари полиэтилении қутри 315 мм дар масофаи 1800 метр гузаронида шуда, дар натиҷа таъминоти оби полезӣ дар 4 деҳаи зерҳадафи лоиҳа беҳтар гардид.
Ёдовар мешавем, ки 23 январи соли равон дар шаҳри Душанбе созишномаи лоиҳаи сохтмони канали обёрикунӣ дар Ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон дар доираи Барномаи ҳукумати Ҷопон оид ба кумакҳои бебозгашт ва амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ (GGP) ба имзо расид.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон