Огоҳӣ! Рӯзҳои 27–29 январи соли ҷорӣ хавфи бештари зуҳуроти тарма пешгӯӣ мешавад

Рӯзҳои 27–29 январи соли ҷорӣ, бинобар сабаби боришоти атмосферӣ ва шиддатёбии он, бахусус 28 январ ва шабонаи 29 январ дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ хавфи бештари зуҳуроти тарма пешгӯӣ мешавад.Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии кишвар иттилоъ медиҳад.

Хавфи бештар дар шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ (километрҳои 48–74), минтақаҳои тармафарои Майхура ва Зидеҳи ноҳияи Варзоб, ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, инчунин минтақаҳои Манем, Вуж, Тангив ва Бидуи ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз эҳтимол дур нест.

Дар робита ба вазъи номусоиди обу ҳаво ба шаҳрвандон ва ронандагони воситаҳои нақлиётӣ тавсия дода мешавад, ки бе зарурият ба минтақаҳои кӯҳӣ ва тармафаро сафар накунанд. Ба масъулони соҳаҳои роҳу нақлиёт тавсия дода мешавад, ки чораҳои заруриро андешанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE