Дар соли 2025 ҳамагӣ 32 шурои диссертатсионӣ таъсис дода шудааст

Имрӯз дар Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор шуд. Раиси Комиссия Сайфиддин Давлатзода оид ба фаъолияти ниҳод дар соли 2025 ба намояндагони воситаҳои ахбори омма иттилоъ дод.
Зикр гардид, ки дар соли 2025 ҳамагӣ 32 шурои диссертатсионӣ таъсис дода шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта 13 маротиба камтар мебошад.
Ҳамчунин таъкид шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ 191 диссертатсия аз ҷониби занон ҳимоя гардидааст. Аз ин шумора 21 нафар унвони доктори илм, 132 нафар номзади илм ва 38 нафар дараҷаи доктори PhD-ро соҳиб шудаанд.
Ба гуфтаи роҳбарияти Комиссия, ин омор аз иштироки фаъоли занон дар рушди илм ва таҳқиқоти илмӣ дар кишвар шаҳодат медиҳад. Муқаддас Машрабиён

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE