Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази ташхису табобатии «Аксон»-и ҶДММ «Наргиз»-ро мавриди истифода қарор доданд

 15 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Хуҷанд Маркази ташхису табобатии “Аксон”-и ҶДММ “Наргиз”-ро  мавриди истифода қарор дода, бо шароити муосири хизматрасонӣ дар он шинос шуданд.

Маркази ташхису табобатии “Аксон” дар бинои сеошёна дар ҳудуди беморхонаи клиникавии вилоятии ба номи Сангин Қутфиддинов баъди навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ дар доираи тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси лоиҳаи  шарикии давлат ва бахши хусусӣ таъсис шудааст.

Дар ошёнаҳои якум ва дуюми бино қабулгоҳ, ҳуҷраи машваратии пеш аз бистарикунонӣ, толори ҷарроҳии эндовидеоӣ, толори ҷарроҳии лазерии рагҳои хунгарди пой, ҳуҷраи дандонпизишкӣ, ҳуҷраҳои бистарӣ бо 72 кат мавҷуд мебошанд.

Дар ошёнаи сеюм маъмурияти маркази ташхисию табобатӣ фаъолият мебарад. Дар таҳхонаи муассиса озмоишгоҳҳои клиникавию биохимиявӣ, шуъбаи физиотерапевтӣ, ҳуҷраҳои ташхисии сабти барқии дил, ултрасадо, колоноскопӣ ва ғайра амал менамоянд, ки бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз мебошанд. Дар маҷмуъ барои Маркази нави ташхисию табобатии «Аксон» ба маблағи 2 миллион сомонӣ таҷҳизоту лавозимоти замонавии ташхисию табобатӣ харидорӣ шудааст.

Дар ин муассисаи нави тиббии хусусӣ 50 табиби соҳибтахассус ва кормандони миёнаи тиб ба шуғли доимӣ фаро гирифта шудаанд. Барои табобати амбулаторӣ ва беморони бистаришуда дар марказ табибони ҷарроҳ, амрози дарунӣ, мутахассисони дилшинос ва равоншинос, табибони гӯшу гулӯ ва бинӣ, духтури амрози занона ва момологҳо, дандонпизишк ва мутахассисони   озмоишгоҳҳо фаъолият менамоянд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар иншооти муосири тиббӣ иқдоми муассиси Маркази ташхису табобатии “Аксон” соҳибкор Рустам Усмоновро саҳмгузорӣ дар рушду баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ арзёбӣ доштанд ва кормандони марказро ҷиҳати истифодаи пурсамар аз ин шароит ба хизмати софдилона ба халқ ва муомилаю муоширати хуб бо беморон ҳидоят намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE