Аз муомилоти ғайриқонунӣ 689 кг 647 гр маводи нашъаовар мусодира гардид
Дар соли 2025 аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муомилоти ғайриқонунӣ 689 кг 647 гр (2024-504 кг 353 гр) маводи нашъаовар мусодира гардид, ки нисбат ба соли 2024-185 кг 294 грам 37 фоиз зиёд мебошад. Дар ин бора Зафар Самад – директори агентӣ имрӯз зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Ба таъкиди масъулин, дар натиҷаи ҳолатҳои ошкоршуда, дар давраи сипаригардидаи соли ҷорӣ, муфаттишони агентӣ 132 (202484) парвандаи ҷиноятиро нисбати 180 нафар (2024-138) ба судҳо ирсол намуданд. Дар ин робита, бо парвандаҳои ҷиноятии тафтишшуда, ҳамагӣ ба молу мулки айбдоршавандагон 470 000 (2024-19 712 265 сомонӣ) ҳабс гузошта шудааст. Дар ин давра фаъолияти 44 гурӯҳи ҷиноятӣ (202432) дар ҳайати 88 нафар (2024-83) ошкор ва қатъ карда шудааст.
Т. Сатторов

