Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода нишасти матбуотӣ баргузор гардид
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода нишасти матбуотӣ баргузор гардид
Нишаст бо суханронии ректори донишкада Назарзода Маҳмуд оғоз ёфт.Зимни суханронӣ зикр гардид, ки 80 фоизи хатмкардагони донишкада пас аз анҷоми таҳсил ба муассисаҳои радио ва телевизион ба кор қабул шудаанд, ки аз талаботнокии мутахассисони соҳа дарак медиҳад.
Ҳамчунин таъкид шуд, ки дар соли 2025 дар донишкада студияи нави сабти овоз бо таҷҳизоти муосир таъсис дода шуд, ки барои баланд бардоштани сатҳи таълими амалӣ мусоидат менамояд.
Ба иттилои масъулон, 84 нафар хатмкунандагон бо ҷойи кор таъмин гардида, 12 нафари дигар таҳсили худро дар зинаи магистратура идома медиҳанд ва тибқи қоида, дар муҳлати се сол пас аз хатм дипломҳои худро дарёфт менамоянд.
Дар фарҷоми нишаст таъкид гардид, ки донишкада минбаъд низ ҷиҳати омода намудани мутахассисони баландихтисос барои соҳаи фарҳанг ва санъат тадбирҳои заруриро роҳандозӣ хоҳад кард.
Муқаддас Машрабиён
Садои Душанбе

