Беш аз 3,3 миллион сомонӣ ҷуброни суғуртавӣ пардохт гардид
КВД «Тоҷиксуғурта» дар соли 2025 аз рӯи 22 намуди суғурта фаъолият намуда, беш аз 230 ҳазор шартномаи суғуртавӣ ба имзо расонд. Корхона дар саросари кишвар бо 63 филиал ва 6 намояндагӣ фаъолият бурда, 568 нафар-ро бо ҷойи кор таъмин намудааст.
Дар ин давра ба зиёда аз 2 100 шаҳрванд беш аз 3,3 миллион сомонӣ ҷуброни суғуртавӣ пардохт гардида, ҳамзамон 588 оилаи аз заминларза зарардида кумаки молиявӣ гирифтанд.
Соли сипаригашта Корхона ба буҷети давлатӣ зиёда аз 10 миллион сомонӣ пардохт намуда, солро бо фоидаи соф беш аз 5,5 миллион сомонӣ ҷамъбаст кард. Тибқи радабандии Бонки миллии Тоҷикистон, «Тоҷиксуғурта» аз рӯйи фоидаи соф ба зинаи сеюм баромад.
Дар соли 2025 хизматрасониҳо пурра ба шакли ғайринақдӣ гузаронида шуда, барои соли 2026 воридоти ҳаққи суғуртавӣ дар ҳаҷми беш аз 43,9 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.Ин нукта имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод иттилоъ дода шуд.
Шукрона Насриддинзода
Садои Душанбе

