Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Зимни он зикр гардид, ки аз моҳи январи соли 2025 то имрӯз 6 вохӯрии хориҷӣ баргузор шуда,4 созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расидааст. ‎Илова бар ин, намояндагони донишкада дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ дар шаҳрҳои Самарқанд ва Санкт-Петербург фаъолона ширкат варзидаанд. Аз ҷумла, дар озмуни умумироссиягии тарроҳон таҳти унвони «Нафаси баҳор» донишҷӯёни донишкада сазовориҷойҳои намоён гардидаанд. ‎Зикр шуд, ки шумораи донишҷӯёни хориҷӣ дар донишкада соли 2025 ба 10 нафар расида, онҳо асосан шаҳрвандони Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон мебошанд.


Муқаддас Машрабиён
Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE