Беш аз 2 400 мақолаи илмӣ ба табъ расидааст
Дар соли сипаригардидаи 2025, аз рӯйи натиҷаҳои бадастомада аз ҷониби кормандони муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) беш аз 2 600 кори илмӣ ба нашр расонида шуд. Аз ҷумла, беш аз 80 монография, зиёда аз 156 китобу маҷмуаҳои илмӣ, брошюраҳо, тавсияномаҳо, атласҳо ва каталогҳо, инчунин беш аз 2 400 мақолаи илмӣ ба табъ расиданд.
Дар ин давра аз ҷониби олимони АМИТ 7 патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 патенти Ҷумҳурии Мардумии Чин ва 2 патенти Авруосиё барои ихтироъ, инчунин 12 нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироъ, 3 шаҳодатнома барои ихтироъ, 7 қарори мусбат оид ба додани нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироъ ва ҳамчунин 3 шаҳодатнома оид ба бақайдгирии давлатии захираи иттилоотӣ ба даст оварда шуданд. Чунин иттилоъ дар нишасти хабарии АМИТ оид ба ҷамъбасти фаъолияти академия дар соли сипаригардидаи 2025 пешниҳод гардид.
Қобилҷон Хушвахтзода, президенти АМИТ, зимни вохӯрӣ бо рӯзноманигорон хабар дод, ки олимони тоҷик дар давраи ҳисоботӣ таҳқиқотро аз рӯйи 110 мавзуъ, аз ҷумла 68 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии бунёдӣ, 14 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии амалӣ ва 28 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии бунёдию амалӣ идома дода, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.
Нигинаи Давронзод
Садои Душанбе

