60 хатмкунандаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамроҳ гардид

Дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур маросими гусели 60 хатмкунандаи ин донишгоҳ, ки ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ба хизмати Модар Ватан мераванд, баргузор гардид. Дар ин хусус дар донишгоҳи номбурда иттилоъ доданд.

Дар ҷамъомад роҳбарияти Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, муовини Раиси шаҳри Душанбе, муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, устодону кормандон, хатмкунандагони ихтиёрӣ, волидони онҳо ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Иброз гардид, ки  тибқи моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати ҳарбӣ уҳдадории ҳатмии ҳар шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар робита ба он ҷавонони соҳибдилу худогоҳ ва пайравони асили Пешвои миллатро зарур аст, ки дар ҳифзи амнияту осоиштагӣ ва ҳимояи марзу буми мамлакат ҳамеша дар сафи пеши қарор дошта бошанд.

Мояи ифтихор ва сарфарозист, ки соли дуюм аст аз ҳисоби хатмкунандагони Донишгоҳ иддае ихтиёран ба хизмати Модар-Ватан мераванд ва қарзи шаҳрвандии худро сарбаландона адо менамоянд. Ба ин гуна нафарон аз ҷониби ректори донишгоҳ дар раванди таълим ва имтиҳонҳои давлатӣ имтиёз пешбинӣ шуда, пас аз адои хизмат ба таҳсил дар зинаи магистратура ройгон қабул карда мешаванд.


Бо изҳори қаноатмандӣ аз ташаббусҳои раёсат ва донишҷӯёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон иброз дошта шуд, ки чунин иқдоми ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёну магистрантони Донишгоҳ қобили дастгирӣ аст.

Гуфта шуд, ки муҳофизати Ватан ва марзу буми поки он барои мардуми тоҷик ва аҷдодони мо аз қадимулайём мояи ифтихору нишонаи ҷавонмардӣ маҳсуб мешавад. Ин аст, ки то имрӯз қаҳрамониҳои Спитамену Деваштич, Исмоили Сомониву Темурмалик ва Восеъ барин диловарони миллӣ то ҳол дар саҳифаҳои таърихи мамлакат бо ҳарфҳои тиллоӣ сабт гардидааст.

Дар анҷоми ҷамъомад ба ҳамаи наваскарон дар адои хизмати ҳарбӣ матонату ҷасорат ва дар адои қарзи Ватан садоқату музаффарият таманно карда шуд.

АКС: Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE