2713 ҳолати вайронкунии қоидаҳои истифодаи энергияи барқ ба қайд гирифта шуд

Дар соли 2025 дар доираи чораандешиҳои муштарак бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва санҷишҳои мустақилонаи техникии Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2713 ҳолати вайронкунии қоидаҳои истифодаи энергияи барқ ба қайд гирифта шуд, ки ҳаҷми умумии энергияи барқи тасарруфгардида 174,2 млн кВт-соат-ро ташкил дода, ба давлат зиёда аз 235,6 млн сомонӣ зарар расонида шудааст, ки дар муқоиса ба давраи ҳисоботии соли гузашта дар ҳаҷми 167 млн кВт соат ба маблағи 229 млн сомонӣ ё ҳачман 24 ва бо маблағ  34 маротиба зиёд мебошад. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Сорбон Холмуҳаммадзода -директори Агентӣ иттилоъ дод.

Ба маълумоти масъулин, дар асоси муоинаҳои техникӣ оид ба техникаи бехатарии дастгоҳҳои барқӣ нисбат ба 3787 нафар масъулини хоҷагии барқ протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағи 1,8 млн сомонӣ тартиб дода шуданд, ки дар муқоиса ба давраи ҳисоботии соли гузашта ба маблағи 521 ҳазор сомонӣ ва  41% зиёд мебошад.

Инчунин, нисбат ба 2038 адад протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурии аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳодшуда қарорҳои дахлдор ба маблағи 492 ҳазор сомонӣ бароварда шуд, ки дар муқоиса ба соли гузашта 827 адад ва 336 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Т.Сатторов

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE