Сироҷиддин Муҳриддин дар мулоқот бо Президенти федеролии Олмон иштирок намуд

 11 феврал дар шаҳри Берлин  дар ҳошияи нахустин нишасти вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Олмон дар қолаби «С5+1» Президенти федеролии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер бо роҳбарони ниҳодҳои сиёсати хориҷии кишварҳои минтақа мулоқот намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар оғози мулоқот Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таманниёти неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти федеролии Олмон расонид.

Сироҷиддин Муҳриддин ва Франк-Валтер Штайнмайер аз раванди густариши равобити гуногунҷанба байни Тоҷикистону Олмон изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагӣ ва рағбати тарафҳоро ба рушди бештари муносибатҳои мутақобили судманд таъкид карданд.

Бо қаноатмандӣ иброз шуд, ки муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Олмон дар тамоми арсаҳо ҳамвора ва ҳадафмандона густариш меёбанд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE