Манучеҳр Сафаров фаъолияти варзишиашро дар дастаи «Локомотив»-и Тошканд идома медиҳад

Ҳимоятгари дастаи мунтахаби  Тоҷикистон оид ба футбол Манучеҳр Сафаров фаъолияти худро дар дастаи  «Локомотив»-и шаҳри  Тошканд идома медиҳад.

Манучеҳр Сафаров аз дастаи «Персеполис», ки сар аз моҳи декабри соли гузашта дар ҳайати он бозӣ мекард, ба дастаи «Локомотив»-и  шаҳри  Тошканд гузашт.

Қобили зикр аст, ки  Манучеҳр Сафаров қаблан дар дастаҳои футболи «Барқчӣ», «Хуҷанд», «Локомотив-Помир», «Хуҷанд» ва «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  ҳунарнамоӣ кардааст.

Манучеҳр Сафаров аз соли 2019 дар дастаи мунтахаби  Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекунад. Дар ин муддат ӯ дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 18 бозӣ анҷом додааст.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE